Дар бораи барномаи таълимӣ
Дар доираи барнома тайёр кардани кадрҳое, ки малакаҳои ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва визуализатсияи маълумотро бо мақсади муайян кардани тамоюлҳо, қонуниятҳо ва робитаҳои мавҷуда дар дохили равандҳои омӯхташаванда доранд, гузаронида мешавад. Чунин мутахассисон бо усулҳои Data mining, усулҳои арзёбии дурнамои рушди падидаҳои омӯхташаванда дар асоси арзёбиҳои пешгӯишаванда, ки бо ёрии усулҳои математикӣ-статистикӣ гирифта шудаанд, шинос мебошанд. Маҳз тавассути тавсияҳои таҳлилгарони тиҷоратӣ роҳбарияти ташкилот маълумоти актуалӣ ва боэътимодро дар бораи он, ки дар ширкат ва берун аз он чӣ мегузарад, мегирад.